Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРУ ГАРМӢ (ТЭЦ)

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРУ ГАРМӢ (ТЭЦ)

tec

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРУ ГАРМӢ, маркази электру гармӣ (теплоэлектросентрал, ТЭЦ), стансияи электрии ҳароратиест, ки ҳам энергияи электр ва ҳам гармӣ (буғу оби гарм) истеҳсол мекунад. Стансияи электру гармӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ аз стансияи электрии ҳароратие, ки фақат энергияи электр ҳосил мекунад, бартари дорад, дар он 20—25% камтар сӯзишворӣ (ангишт, газ, мазут ва ғайра) сарф мешавад. Дар Стансияи электру гармии ҳозира турбоагрегатҳои иқтидорашон 50— 100 ҳазор кВт-ро истифода мебаранд. Дар Тоҷикистон чанд Стансияи электру гармии пуриқтидор амал мекунанд. Аз ҷумла марказҳои электру гармии Душанбе (225 ҳазор кВт) ва Евон (180 ҳазор кВт) баробари истеҳсоли энергияи электр корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои маишӣ ва биноҳои истиқоматии шаҳрҳои Душанбею Ёвонро бо буғу оби гарм таъмин мекунанд.

Ҳ. Раҳматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …