Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАЗОДДИ БАЙНИ МЕҲНАТИ ФИКРӢ ВА ҶИСМОНӢ

ТАЗОДДИ БАЙНИ МЕҲНАТИ ФИКРӢ ВА ҶИСМОНӢ

ТАЗОДДИ БАЙНИ МЕҲНАТИ ФИКРӢ ВА ҶИСМОНӢ, зиддияти шароити меҳнат, зиндагӣ ва манфиати шахсонеро гӯянд, ки бо меҳнати ҷисмонӣ ва фикрӣ машғуланд. Он дар зинаи инкишофи тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, дар замони пойдор гардидани моликияти хусусӣ ба пайдо шудани синфҳои антагонистӣ ба вуҷуд омадааст.

mehnat

Дар замони ғуломдорӣ ҳама гуна меҳнат барои одами озод кори намуносиб дониста мешуд. Дар ҷамъияти феодалӣ тазоди байни меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ ба сабаби пурзӯр шудани тазодди байни шаҳру деҳот боз ҳам қувват гирифт. Дар замони капитализм бошад, тазоди байни меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ ба авҷи аъло расид. Инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда коргарони босаводро ба вуҷуд овард ва ба баланд шудани савияи маълумоти умумӣ ва маданию техникии синфи коргар мусоидат кард. Дар шароити сосиализм нест кардани синфҳои истисморгар ва ба вуҷуд омадани моликияти ҷамъиятӣ, тағйир ёфтани хусусияти меҳнат, баланд шудани савияи маданию техникии синфи коргару деҳқон ба барҳам хӯрдани тазоди байни меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ оварда расонданд. Бо вуҷуди ин дар фазои якуми ҷамъияти коммунистӣ фарқиятҳои ҷиддии гайриантагонистии иҷтимоию иқтисодии байни меҳнати фикрию ҷисмонӣ боқӣ мемонанд. Ин масъала дар давраи сохтмони коммунизм ҳал мешавад. Бо ғалабаи коммунизм пайвастагии узвии меҳнати фикрию ҷисмонӣ ба вуҷуд меояд. Интеллигенсия дар он давра табақаи махсуси ҷамъиятиро ташкил намедиҳад, дараҷаи маданию техникии коргарони меҳнати ҷисмонӣ то ба дараҷаи одамони меҳнати фикрӣ сабзида мерасад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …