Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАЗОД – категорияи фалсафӣ

ТАЗОД – категорияи фалсафӣ

ТАЗОД, категорияи фалсафиест, ки тарафҳо ва ҷиҳатҳои ба ҳам мухолифи ашёву падидаҳои гуногунро ифода мекунад. Дар ҳар чиз ва падида ду ҷиҳати ба ҳам зид, ду ҷанбаи асосии дохили, ду тамоюл ҳаст, ки яке дигареро тақозо ва истисно мекунад. Қутби мусбат ва манфии оҳанрабо, электрону позитрони атом, хосияти корпускулӣ ва мавҷии нур, таҷзия ва таркиби молекулаҳо, ҷазбу дафъи ҷисмҳо, ирсияту тағйирот ва ангезишу таваққуфи мавҷудоти зинда, сарватмандию муфлисӣ дар ҷамъияти синфӣ, некию бадӣ, зебоию зиштӣ ва ғайра намунаҳои тазод мебошанд.
Тазод зотан ба табиат, ҷамъият ва тафаккур тааллуқ дорад. Тазодҳо якбора, фавқулода ошкор нашуда, тадриҷан дар чандин марҳала ташаккул меёбанд: дар марҳалаи аввал тазодҳо ошкор намешаванд, сипас дар ашёву падидаҳо тафовутҳои муайян ба вуҷуд омада, тадриҷан ба тарафҳои мутазод мубаддал мегарданд ва ниҳоят, муборизаи тазодҳо фаро мерасад. Ҷиҳатҳои мухталифи ашёву падидаҳо танҳо вақте ба тазод табдил хоҳад ёфт, ки якдигарро истисно ва инкор кунанд. Дар айни ҳол тазодҳо бе якдигар вуҷуд надоранд. Ду қутби мухолиф ва мутақобил бо якдигар дар ваҳдатанд. Пайванди байни зидҳо чунон ногусастанист, ки аз ҳам ҷудо кардани онҳо номумкин мебошад. Ҷазе бе дафъ, таҷзия бе таркиб, хосияти мавҷӣ бе хосияти зарраӣ, сармоядор бе пролетар вуҷуд дошта наметавонад. Дар ягонагии тазодҳо мақоми тарафҳои мутазод гуногун аст. Агар яке аз тазодҳо барои нигоҳ доштани ятонагӣ таъсир расонад, тазоди дигар барои вайрон кардан, барҳам додани ин ягонагӣ мусоидат мекунад.
Тазодҳо на танҳо ягонаанд, балки ба ҳам таъсири мутақобил мерасонанд, бо ҳам мубориза мебаранд. «Ягонагии (мутобиқати, айнияти, баробартаъсирии) баҳамзидҳо шартӣ, муваққатӣ, даргузар, релитивӣ мебошад. Муборизаи баҳамзидҳои истиснокунандаи якдигар абсолютӣ аст, чунон ки инкишоф, ҳаракат абсолютӣ аст» (Ленин В. И. Асарҳо ҷилди 38). Муборизаи тазодҳо боиси худҳаракат ва инкишоф мегардад. «Инки шоф «муборизаи» баҳамзидҳост» (ҳамон ҷо, саҳифаи 380). Н. Нурматов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …