ТАВИЛ (арабӣ — дароз, баланд), яке аз баҳрҳои панҷгонаи арӯзи араб. Рукни солими тавил дубор фаӯлун (V ), мафоилун(V ) буда, навъҳои он аз такрору омезиши зиҳофи рукни фаулун: фаӯлу — мақбуз ва ду зиҳофи рукии мафоилун: мақбуз — мафоилун, маҳзуф фаӯлун ба вуҷуд меоянд.
Мисолҳо барои тавил:
1. Тавили (муссасмани солим:
(V /V /V /У — У— )
Чӣ гӯям, нигорино, ки бо ман чиҳо кардӣ,
Қарорам зи дил бурдӣ, аз сабрам чудо кардӣ.
(Салмони Соваҷӣ).
2. Тавили мусаммани мақбуз:
(V /V —V —/V /V —V — )
Бад-ин ошиқӣ ҳар ки диҳад панд маро
Ҳаме кӯз бар гунбад фишонад ба аблаҳӣ
(аз «Ал-Мӯъҷам»).
Азбаски тавили дилкашу хушоянд набудаасг, шоирони форс-тоҷик дар ин баҳр кам шеър гуфтаанд.
Бо номи баҳри тавил як навъи санъати лафзӣ низ вуҷуд дорад.
С. Имронов.