Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТАРРАҚОРЧ

ТАРРАҚОРЧ

zanburugh

ТАРРАҚОРЧ (Russila), як навъ занбӯруғи хӯрданиро гӯянд. Кулоҳчааш ҷилодор (қутраш 5—10 см), рангаш вобаста ба пигменти пӯсташ зард, хокистаррант, кабуд, сабзтоб, сурхтоб мешавад. Пояаш росту мустаҳками сафед (дарозиаш 2—10 см). Тарақорч шираи ширмонанд надорад ва бо ҳамин хусусият аз ҳамҷинсҳои худ фарқ мекунад. Дар Тоҷикистон 2 намуди тарақорч (К. мшкуҷсут, R. Bragilis) моҳҳои июл — август дар ҷангалзори дарахтони тӯсу паҳнбарги нишебиҳои шимоли (атрофи Искандаркӯл) ва ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор (дар мамлӯъгоҳи «Ромит») месабзад. Ҳама намудҳои тарақорчро мехӯранд.
С. Файзова.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …