Маълумоти охирин
Главная / Биология / Тарраккаду

Тарраккаду

ТАРРАК, 1) тарраккаду, САМбӯсакаду (Сuсurbita реро vаrgiraimontia), як навъ каду гиёҳи полезии яксолаест аз оилаи кадуиҳо. Палакаш суст месабзад, баргаш 5- парра, мӯякҳои дурушти хормонанд дорад. Гулаш ҷудоҷинса, ҳосилаш одатан зуғӯташакл, донааш зардтоб. Тарраккадуро дар замини ҳосилхез ва намиаш мӯътадил мепарваранд. Онро одатан кӯчат мекунанд. Тарраккаду пешпазак аст. Дар муддати 40—50 рӯз мерасад. Дар Тоҷикистон асосан навъҳои тарраккадуи «Ҳисорӣ», «Кӯлиҷонӣ», «Одессагии 52» ва ғайраро мекоранд. Аз ҳар га то 200— 300 с ҳосил мегиранд.

kadu
Тарранкадуи хом («тарра»)-ро барои тайёр кардани таом ва консерв истифода мебаранд. Тарраккаду 2.55% қанд, 0,55% сафеда, 0,13% равған, 15—40 мг% витамини С ва ғайра дорад. Онро чун хӯроки чорво низ ба кор мебаранд. 100 кг тарраккаду 0,7 кг протеини ҳозим дорад, ки баробари 5,5 воҳиди хӯрокист; 2) харбузаи норасидаро гӯянд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …