«ТАРҶУМОН», газетаи ҷадидҳо; аз 10 апрели 1683 то нимаҳои соли 1914 дар Боғчасарой ба забонҳои туркӣ (тоторӣ) ва русӣ нашр мешуд. Ношир ва муҳаррири он феодали тотор Исмоили Ғаспарӣ буд. «Тарҷумон» равияи реаксиолӣ дошта сиёсати ҳукумати подшоҳии русро дастгирӣ ва тарғиб менамуд. Равияи асосии «Тарҷумон» панисломизм (ва пантуркизм буд. Газетаи «Тарҷумон», ки асосан барои аҳли тиҷорат мебарамад, бештар манфиати онҳоро ҳимоя ва (мақсаду маромашонро ифода менамуд. Равияи сиёсии «Тарҷумон» буд, ки онро ба зудӣ ба органи марказии ҷадидони Россия табдпл дод. Ҷадидони Осиён Миёна низ «Тарҷумон»-ро органи марказии худ медонистанд, ба ношираш эътиқод доштанд (ва ба он тақлид менамуданд. Маҳз бо таъсири «Тарҷумон» дар Осиёи Миёна матбуоти ҷадиди, аз ҷумла «Хуршед», «Шӯҳрат», «Туҷҷор» пайдо шуд, ки аксарияташон хусусияти пантуркистӣ доштанд.
И. Усмонов.
Tags газета
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …