Маълумоти охирин
Главная / Илм / «ТАЪРИХОТ»

«ТАЪРИХОТ»

«ТАЪРИХОТ» маҷмӯи санаҳои воқеаҳои гуногуни таърихӣ. Мураттаб ва нусхабардораш шоири миёнаи асри 19 Бухоро Мулло Ҳусайн Махдум Бетолеъ. Солҳои нусхабардорӣ—1838—39. «Таърихот» дар бораи солҳои1590—91 (дар аҳди Абдуллоҳхони II), Бадахшонро (солҳои 1344—45) забт кардани Комрон ибни Бобур, сохта шудани масҷиди Ҳирот (аз тарафи Навоӣ), бино шудани бозори Чорсуи Бухоро (аз тарафи Абдуллоҳхон), Ҳиротро забт кардани Убайдуллоҳхон, кушта шудани Нодиршоҳ, сохта шудани мадрасаи Мири Араб (дар Бухоро), Хӯқанд, Шаҳрисабз, Уротеппа, Чустро забт кардани Насруллоҳ (амири Бухоро) ва ғайра маълумоти муфиде медиҳад. «Таърихот» барои омӯхтани таърихи Осиёи Миёна сарчашмаи муҳимест.
Адабиёт: Каталог восточных рукописей Академия Наук Таджикской ССР, том 1, Сталинабад, 1960.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …