Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ АВОИЛ ВА АВОХИР» – асари Муинӣ

«ТАЪРИХИ АВОИЛ ВА АВОХИР» – асари Муинӣ

«ТАЪРИХИ АВОИЛ ВА АВОХИР» асари таърихии муаррихи тоҷик Муинӣ, ки ба таърихи Бухоро (мухтасар, замонҳои қадимтарин то асри 19) оид аст. Дар асар таърихи Хилофати араб, зикри қариб ҳамаи хулафо, санаҳои ҳаёт ва фавт, давраи ҳокимиятдории онҳо акс ёфтааст. Баъд мухтасар аз таърихи сулолаҳои Чингизиёну Темуриён, Шайбониёну Аштархониён, сулолаи Манғитияи Бухоро сухан меравад. Му аллиф ба муносибатҳои байни Бухорою Хӯқанд, муборизаи ҳокимони Бухоро ва Хева таваққуф намуда, ба Бухоро лашкар кашидани ҳокими Хева Муҳаммад Раҳимхонро (1806— 1825) тасвир мекунад. Дар хотимаи китоб Муннӣ аз таърихи қабилаҳои ӯзбек ва Манғития маълумот медихад. «Таърихи авоил ва авохир» дар асри 19 ба ақидаи А. А. Семёнов, дар аҳди амир Насруллоҳ Муинуддин таълиф шудааст. Бинобар он муаллифи китоб эҳтимол шоҳиди воқеоти чоряки аввали асри 19 ҳам бошад. Нусхаҳои «Таърихи авоил ва авохир» дар қисмати дастхатҳои китобхонаҳои Душанбею Тошкент ва ғайра маҳфузанд. «Таърихи авоил ва авохир» барои омӯхтани таърихи Осиёи Миёна аз аҳамият холӣ нест.
А. Мухторов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …