Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ АМИРОНИ МАНҒИТИЯИ БУХОРО»

«ТАЪРИХИ АМИРОНИ МАНҒИТИЯИ БУХОРО»

«ТАЪРИХИ АМИРОНИ МАНҒИТИЯИ БУХОРО» асари таърихии Мулло Ҷумъақули Хумулӣ, ки соли 1837 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Аз 18 фасл иборат буда, воқеаҳои таърихии аз с. 1740 (ба Осиёи Миёна ҳуҷум кардани Нодиршоҳи Афшор) то солҳои 50 а. 19 рӯйдодаро дар бар мегирад. Он роҷеъ ба вазъияти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мадании Осиёи Миёнаи нимаи дуюми асри 18—нимаи аввали асри 19  аз ҷумла бисёр ҷангҳои амирони Манғитияи Бухоро, ба монанди Муҳаммад Раҳимхон (ҳукмр. 1753—58), Дониёлатолиқ, амир Шоҳмурод, амир Ҳайдар ва амир Насруллоҳ, инчунин дар бораи бекиҳои Моғиёну Фароб. Киштуту Ёрӣ ва мулкҳои саргаҳи Зарафшон. сохтмони чанде аз масҷиду мадраса ва диг. биноҳои ҷамъиятии ш. Панҷакент маълумот медиҳад. Аксари маълумотҳо мушоҳидоти бевоситаи худи муаллиф мебошанд. Асар дар китобхонаи Институти шарқшиносии АФ РСС Ӯзб. маҳфуз аст.            К. Собиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …