Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ АҲМАДШОҲӢ»

«ТАЪРИХИ АҲМАДШОҲӢ»

«ТАЪРИХИ АҲМАДШОҲӢ» асари таърихии яке азмуншиёни дарбори Аҳмадшоҳи Дурронӣ (1747—73) Маҳмуди Ҳусайнӣ (Маҳмуди Ҳусайнн-ал-Муншӣ ибни Иброҳим ал-Ҷомӣ), соли 1754 ба навиштани «Таърихи Аҳмадшоҳӣ» сар карда, соли 1773 ба итмом расонд. У дар таълифи асар аз «Таърихи ҷаҳонкушои Нодирӣ»-и Маҳдихони Астарободӣ ва «Номаи оламорои Нодирӣ»-и Муҳаммад Козим истифода бурдааст. «Таърихи Аҳмадшоҳӣ» аз муқаддима ва ду қисм иборат буда, асосан он таърихи нимаи дуюми асри 18 Афғонистонро дар бар мегирад. Асар ба забони суфтаи форсӣ таълиф ёфта, оид ба иқтисодиёт ва сиёсати он давр маълумоти зиёде дорад. Муаллиф зиддияти баини Аҳмадшоҳ ва вазири ӯ — Шоҳвалихонро барои тоҷу тахт махсус қайд намуда, дар бораи андозҳои гуногун, нарху наво, муомилоти пул дар Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон маълумот медиҳад. Дар асар 3000 байт шеъри муаллиф низ дарҷ ёфтааст. «Таърихи Аҳмадшоҳӣ» сарчашмаи муҳимест оид ба таърихи забон, адабиёт, этнография, иқтисодиёти Эрон, Осиёи Миёна ва Ҳиндустони миёнаи асри 18. Нусхаи факсимилии «Таърихи Аҳмадшоҳӣ» соли 1074 дар Москва (ду ҷилд) нашр гардид.

Д. Саидмиродов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …