Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХ» – асари Садри Зиё

«ТАЪРИХ» – асари Садри Зиё

«ТАЪРИХ» асари таърихӣ аз таълифоти Садри Зиё; соли 1931 ба забони тоҷикӣ дар шаҳри Қаршӣ таълиф шудааст. Китоб умуман ба таърики Бухоро оид буда, фаслҳои ҷудогонааш аз боби ҳукмронии Темур, Шоҳрух, Улуғбек, Абӯсаид, Ҳусайни Бойқаро, султонҳои ӯзбек (аз Абулхайр то Абдулмӯъминхон ибни Абдуллоҳхон); Аштархониён (аз Боқимуҳаммад то Абдулмӯъминхон ибни Абулфайзхон; ҳукамои сулолаи Манғития) аз Раҳимхон то охирин амири Бухоро Саид Олимхон; ваҳшонияти Музаффар ҳангоми пахши исьён дар Деҳнав ва Ҳисор, зикри ашхоси олимансаб, рӯҳониён, шуаро, муаррихон, хаттотон, котибону мирзоҳои машҳур; номҳои иншооти калони ҷамъиятии дар аҳди амир Музаффар ва дигар ҳокимони вилоятҳои Балх, Ҳисор, Қаротегин ва Дарвоз сохташуда; ҷанг бо Россия ва сулҳ бо он; ҳукмронии Абдулаҳад дар Бухоро бо мадади русҳо сохта шудани телеграф, роҳи оҳан, барпо кардани шаҳрҳои нави (Когон —Бухорои Нав, Чорҷӯи Нав) дорои паркҳо, магазинҳо, банкҳо, биноҳои аврупоӣ; сохтмони қалъаҳо (дар сарҳади Афғояистон) барои гартнизонҳои пурзӯр, аз азобу машаққати аҳолӣ баҳс мекунад. Дар асар инчунин дар хусуси ҷанги русу япон, Револютсияи февралӣ дар Россия, Ҷанги якуми чаҳонӣ ва Револютсияи Октябр дар Россия, ба ислоҳотталабон (аз ҷумла ба С. Айнӣ) ҷазо додани амир Олимхон, ба Бухоро омадани аскарони революционӣ, ба Афғонистон гурехтани амир ва ғайра маълумоти муфиде мавҷуд. «Таърих» барои омӯхтани таърихи Осиён Миёна, аз ҷумла Бухоро сарчашмаи пурарзише мебошад.
Адабиёт: Xадизаде Р., Источники по изучению таджикской литературы второй половины XIX века, Сталинабад, 1956; Каталог восточных рукописей АН Таджикской ССР, т. 1, Сталинабад, 1960.
У. Назиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …