ТАРБИЯИ АТЕИСТӢ, як қисми таркибии тарбияи коммунистиро гӯянд, ки мақсадаш ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва бартараф намудани ақидаю хурофотҳои динии одамон мебошад. В. И. Ленин тартиботи донишҳои атеистиро қисми муҳими фаъолвяти идеологии партия медонист. Конститусияи СССР баробари озодона ба ҷо овардани оини динӣ тарғибу ташвиқи озодонаи атеистиро низ кафолат медиҳад. Тарбияи атеистӣ заминаҳои объесктивӣ (шароитҳои муайяни иҷимоию иқтисодӣ) ва субъектии (худи таъсири тарбия ба одамон) дорад. Дар шароити сосиализми мутараққӣ заминаҳои зарурии объективӣ барои бартараф намудани боқимондаҳон дин пурра ба вуҷуд омадаанд. Тарбияи атеистӣ ҳамчун омили субъективӣ воситаи муҳими ба ҳаст татбиқ намудани имкониятҳои объективӣ мебошад. Принсипи марксистӣ-ленинӣ, ки оштинопазирӣ ба идеологияи динӣ ва муносибати эҳтиёткорона ба диндоронро дар бар мегирад, дар Тарбияи атеистӣ мавқеи муҳим ишғол менамояд. «Ба муқобили хурофоти динӣ хеле боэҳтиёт мубориза бурдан лозим аст; касоне, ки дар ин мубориза ҳиссиёти диниро таҳқир мекунанд, зарари калон мерасонанд» ( Ленин В. И. Асарҳо, ҷилди 28, саҳифаи 188).
Тарбияи атеистӣ дар шаклҳои мухталиф (лексия, сӯҳбатҳои алоҳидаи фардӣ ва гурӯҳӣ, шабнишиниҳои саволу ҷавоб ва ғайра) ва бо воситаҳои гуногун (матбуот, радио, телевизион ва ғайра) бурда мешавад. Муносибати комплексӣ омили асосии баланд бардоштани самаранокии Тарбияи атеистӣ мебошад. Вай таъсири диалектикии Тарбияи атеистӣро ба дигар қисмҳои муҳими тарбияи коммунистӣ пешбинӣ намуда, унсур ва талаботи зеринро дар бар мегирад: ҳаматарафа ба ҳисоб гирифтани сабабҳои боқӣ мондани урфу одатҳои динӣ, тамоюлҳои нав дар шуури диндорон, гуногунии шакл, метод ва воситаҳои Тарбияи атеистӣ таносуби Тарбияи атеистӣ ва ишкишофи фаъолиятмандии иҷтимоии диндорон, марказонидани фаъолияти ташкилотҳои ҷамъятӣ дар просесси Тарбияи атеистӣ, вуҷуд доштани шумораи зарурии кадрҳои пропагандистон ва лекторҳо, сифатан беҳтар намудани барномаи корҳои атеистӣ ва ғайра.
КПСС ба Тарбияи атеистии меҳнаткашон диққати ҷиддӣ медиҳад. Ҳанӯз солҳои 20 комиссияи зиддидинии Комитети Марказии партия амал мекард. Дар назди шӯъбаи агитасия ва пропагандаи Комитети Марказӣ ВКП (б) маҷлисҳои машваратии махсус оид ба пропагандаи зиддидият баргузор гардида буданд. Прогаммаи партия, ки Съезди 8-уми РКП(б) қабул намудааст, бо мақсади озод намудани меҳнаткашон аз зери таъсири дин зарурати гузарондани пропагандаи васеи илмию маърифатӣ ва атеистиро қайд кардааст. Масъалаҳои тарбияи атеистӣ дар съездҳои партия ва пленумҳои КМ КПСС муҳокима гардида, доир ба он як қатор қарорҳои махсуси КМ КИСС қабул шудаанд.
‘Партияи Коммунистии Тоҷикистон қарорҳои съездҳо ва дигар чорабиниҳои Комитети Марказии партияро оид ба масъалаҳои одеологӣ сармашқи кори худ карда, ба Тарбияи атеистии меҳнаткашони республика аҳамиятӣ ҷиддӣ медиҳад. Ба амал татбиқ намудани қарорҳои съездҳои 16—20-уми Партияи Коммунистии республика ва вазифаҳое, ки дар қарорҳои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон «Оид ба пурзӯр намудани тарбияи атеистӣ дар байни аҳолӣ» (16 апрели 1966), «Дар бораи вазъияти пропагандаи илмӣ-атеистӣ ва корҳои зиддидинӣ дар байни меҳнаткашони райони Панҷ» 121 маи 1971), «Чорабиниҳо оид ба мустаҳкам намудани тарбияи атеистии меҳнаткашон» (ки 18 августи 1971 аз тарафи бюрои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд) ба миён гузошта шудаанд, самаранокии Тарбияи атеистии аҳолии республикаро баланд бардошта, барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи ин соҳа мусоидат намуданд. Дар таҳрири нави Программаи КПСС, ки онро Съеади 27 КПСС тасдиқ кардааст, гуфта мешавад; «Партия тарафдори бекамукост риоя шудани гарантияҳои конститусионии озодии эътиқод буда, кӯшишҳои бар зарари манфиатҳои ҷамъият ва шахс истифода бурдани онро маҳкум мекунад. Вусъат додани фаъолияти меҳнатӣ ва ҷамъиятии мардум, маърифатнок кардани онҳо, ҳамаҷониба паҳн кардани одату маросимҳои нави советӣ қисми муҳими таркибии тарбияи коммунистӣ мебошад».
Р. Маҷидов.
Инчунин кобед
САҒОНА
САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …