Маълумоти охирин

ТАРАБХОНА

ТАРАБХОНА, кӯшке буд дар мавзеи Боғи Сафеди Ҳирот. Бино ба маълумоти Абдурразоқи Самарқандӣ, соли 1411 Шоҳрух сохта будааст. Вале аз рӯи маълумоти Бобур онро гӯё солҳои 1449—57 Султон Абулқосим бино кардааст. Дар давраи Султон Абӯсаид Мирзо деворҳои дохилаш бо тасвири манзараҳои разм музайян шудааст. Тарабхона иморати дуқабатаву гунбаздори зебое буда, дар чор тарафаш ҳуҷра ва дар мобайн меҳмонхона доштааст. Тарабхона намунаи кӯшкҳои асрҳои 14—15-и атрофи Самарқанд буда, барои омузиши санъати меъмории Осиёи Миёна аҳамияти махсус дорад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …