Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Димнаи ТАМОШОТЕППА

Димнаи ТАМОШОТЕППА

ТАМОШОТЕППА, димнаи шаҳри қадиме мансуб ба асрҳои 5—2 то м., воқеъ дар ҷанубу ғарбтари деҳаи Норини раёни Ёвон. Димна росткунҷа буда (400X400 м), қалъабандӣ шудааст. Девори қалъаи Тамошотеппа то 3 м баландӣ, 5—7 м ғафсе дорад. Дар натиҷаи ҳафриёт 3 давраи сохтмон аён гардид. Қабати поёнӣ (заминкан) аз маҷмаи иқоматгоҳхо иборат буда, он ҷо оташдон кӯра, табақ, хуму хумчаҳои сафолии мутааллиқи асрҳои 5—4 то мелод ёфт шуданд. Дар қабати дуюм биноҳои долоншакл ва мураббаъ ба назар мерасанд. ки асосан похсагианд. Дар майдончаи байни хонаҳо, оташдонҳо дош, инчунин кӯраи металлгудозӣ ошкор гардиданд. Аз ин қабат хуму хумчаҳо, кӯзаву дегҳои сафолӣ ва мӯҳраҳои гардан ёфт шуданд. Сокинони Тамошотеппа аз филизот (асосан аз мис) низ асбобҳои рӯзгор ва олоти хоҷагӣ (корд, ӯғурча ва ғайра) сохта бо деҳқонӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ машғул мешӯданд.
Тамошотеппа дар охирҳои давраи Ҳахоманишиён ва ибтидои ҳукмронии Шоҳии Юнонии Бохтар дар Бохтарӣ Шимолӣ бунёд гардидааст. А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …