Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Димнаи ТАМОШОТЕППА

Димнаи ТАМОШОТЕППА

ТАМОШОТЕППА, димнаи шахри кадиме мансуб ба асрхои 5—2 то м., вокеъ дар чанубу гарбтари дехаи Норини раёни Ёвон. Димна росткунча буда (400X400 м), калъабанди шудааст. Девори калъаи Тамошотеппа то 3 м баланди, 5—7 м гафсе дорад. Дар натичаи хафриёт 3 давраи сохтмон аён гардид. Кабати поёни (заминкан) аз мачмаи икоматгоххо иборат буда, он чо оташдон кура, табак, хуму хумчахои сафолии мутааллики асрхои 5—4 то мелод ёфт шуданд. Дар кабати дуюм бинохои долоншакл ва мураббаъ ба назар мерасанд. ки асосан похсагианд. Дар майдончаи байни хонахо, оташдонхо дош, инчунин кураи металлгудози ошкор гардиданд. Аз ин кабат хуму хумчахо, кузаву дегхои сафоли ва мухрахои гардан ёфт шуданд. Сокинони Тамошотеппа аз филизот (асосан аз мис) низ асбобхои рузгор ва олоти хочаги (корд, угурча ва гайра) сохта бо дехкони, чорводори ва хунарманди машгул мешуданд.
Тамошотеппа дар охирхои давраи Хахоманишиён ва ибтидои хукмронии Шохии Юнонии Бохтар дар Бохтари Шимоли бунёд гардидааст. А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.