Пайкон, олатест, ки ба нӯки тири камон ё найза пайваст намуда, дар шикор ва ҷангҳо истифода баранд. Пайкон ҳанӯз дар давраи мезолит ва неолит ба вуҷуд омадааст. Он дар ибтидо аз чақмоқсанг (баъзан устухон), дертар аз биринҷӣ ва чӯб сохта мешуд. Дар охирҳои асри биринҷӣ (асрҳои 12—8 то милод) дар …
Муфассал »Пайза
Пайза, пайдза, пайзе, нишони расмиест, ки хонҳои муғул ба чопарҳои худ медоданд. Мувофиқи маълумоти муаррих Рашидуддин дар аҳди Чингизхон ва ворисони ӯ — Уқтой (1229—41), Гуюк (1246—48), ба феодалону савдогарон дода мешуд. Пайзаро аз тилло, (нуқра, мис ё чуб месохтаанд ва аҳолӣ маҷбур буд, ки дорандаи Пайзаро бо хӯрок, ҷои …
Муфассал »Пазирик
Пазирик, гурӯҳи пуштаҳои калонест дар мавзеи Пазирик, соҳили рости дарёи Улагани Калон дар территорияи pайони Улагани Вилояти Автономии Кӯҳистони Олтой. Қабрҳои пешвоёни авлод ё қабила мебошанд, ки асосан асрҳои 5—4 то сохта шудаанд (ба фикри баъзе муҳаққиқон дар асри 3 то милод). Соли 1929 (М. П. Грязнов ва С. И. …
Муфассал »Павели 1
Павели 1 (1. 10. 1754, Петербург —24. 3. 1801, ҳамон ҷо), императори Россия (1796—1801). Писари Пётри III ва Екатеринаи II. Дар ибтидои ҳукмронии худ Павели I бисёр қонуну қоидаҳои Екатерина ҷорӣ кардаро тағйир дод, вале дар корҳои дохили мамлакату сиёсати Екатеринаи 11-ро пеш гирифт. Павели I манфиати помещикону феодалонро ҳимоя …
Муфассал »Оқуно
Оқуно дар тибби қадими Шарқ номи бемориест, ки аз сабаби бошиддат будани таҳайюҷи шаҳвонӣ ё илтиҳоби хусяҳо (хояҳо) олоти таносул ва пайчҳои дохилин он зуд-зуд варам кунанд.
Муфассал »Оқтом
Оқтом, қабристони мансуб ба асрҳои 5—3 то милод, ки дар наздикии деҳаи Оқтом соҳили чапи Марғелонсой, 9 километр ҷанубтари шаҳри Фарғо- наи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон воқеъ аст. Оқтомро ибтидои солҳои 50 асри 20 кишваршиноси ҳаваскор П. Т. Конопля кашф ва солҳои 19метр—55 археологҳо Б. 3. Гамбург ва И. Г. …
Муфассал »Шаҳри Оқтеппа
Оқтеппа (Актюбинск), шаҳр, маркази вилояти Оқтеппаи Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон. Дар қисми шимоли ғарбии республика, дар соҳили чапи дарёи Илек (шохоби дарёи Урал) воқеъ аст. Узели муҳими роҳҳои автомобилгард ва ҳавоӣ. Аз Оқтеппа роҳи оҳан Оренбург—Тошкент мегузарад. Аҳолиаш 191 ҳазор нафар. (1979). Маркази калони иқтисодӣ ва мадании Қазоқистон. 3аводҳои оҳангудозӣ, …
Муфассал »Деҳаи Оқтеппа
Оқтеппа, деҳа, маркази Совети қишлоқи Оқтеппа, райони Нови вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Тоҷикистон». Аз деҳа то маркази район 9 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4185 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбеҳо. Деҳа мактаби миёна, китобхона, клуб, пункти тиббӣ, шуъбаи алоқа, фермаи говпарварӣ, ошхона ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахта корӣ …
Муфассал »Оқтеппа шаҳри Панҷакент
Оқтеппа, димнаи мансуб ба асрҳои 5—12, ки 1 километр ғарбтари шаҳри Панҷакент, дар соҳили чапи дарёи Заразился воқеъ аст. Масоҳаташ 250 X 50— 60 метр. Оқтеппа аз куҳандиз ва шаҳрча иборат аст. Оқтеппаро соли 1947 О. И. Смирнова кашф намуд. Соли 1976 бостоншиноси тоҷик А. И. Исҳоқов ба ҳафриёти археологии …
Муфассал »Оқтеппа
Оқтеппа, димнадои мансуб ба асрҳои 5—8, ки дар наздикии Тошкент воқеъанд. Оқтеппаи назди заводи асбобҳои пармаю суфтакуниро солҳои 1940—41 археологи советӣ А. И. Тереножкин ва Оқтеппаи pайони Челонзорро солҳои 1962—72 М. И. Филанович аз ҷиҳати археологӣ омӯхтанд. Баландин Оқтеппаи назди завод 20 метр аст ва он асрҳои 6—8 қалъаи заминдори …
Муфассал »