Нурчонов Низом (таваллуд 18. 12. 1923, Бухоро), олим, мунаққид ва театршиноси советии тоҷик, доктори илмҳои санъатшиносӣ (1968). Ҳодими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон. (1974). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1948. Иштирокчии ҷанги Бузурги Ватанӣ. Соли 1947 Институти давлатии педагогии Душанбе ва 1951 аспирантураи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистонро хатм кардааст. …
Муфассал »Нурӣ Ҳоҷи Нуруддини
Нурӣ Ҳоҷи Нуруддини Муҳаммади Козарунии Сӯфӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 15 форс-тоҷик. Нурӣ аз шоирони мутасавиф ва пурмансули замонаш буда, аз ӯ осори зиёде боқӣ мондааст. Аз ҷумла, маҷмӯаи рубоиёт, маснавие бо унвони «Мавлуднома», ки соли 1483 ба поён расидааст ва тақрибан 30000 байтро дарбар мегирад. Ба …
Муфассал »Нурӣ Мулло Нуруддин
Нурӣ Мулло Нуруддин Муҳаммади Тархони Сафедунӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форсизабони асри 16 Ҳиндустон. Дар Сафедунӣ ноҳияи Сарҳинди Ҳиндустои чанд чанд ҳоким будааст ва ба Сафедунӣ маъруф шуданаш низ аз ин ҷост. Нурӣ марди донишманд буда, дар илми риёзлёт, ҳикмат ва нуҷум ба устодӣ ном баровардааст. Соли 1559 …
Муфассал »Нурӣ Закӣ
Нурӣ Закӣ (ном ва фамиляаш Закӣ Шарафутдинович Нуритдинов; таваллудаш 24. 12. 1921, деҳаи Татарские Тюки, ҳозира райони Буини РАСС Тот.), шоири советии тотористон. Узви КПСС аз соли 1948. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) сардори разведкаи отряди партизании К. Заслонов (1910—1942) буд. Солҳои 1949—1955 дар матбуот кор кардааст. Асарҳояш аз соли …
Муфассал »Нурулҳақи Баҳрин
Нурулҳақи Баҳрин ибни Абдулҳай ибни Мавлоно Абдулқаҳҳор (тақрибан 1860, деҳаи Сангевни Қалъаихум — 1915, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Маълумоти ибтидоиро дар назди падар ва Маҳдуми Аълам ном ҳамдеҳааш гирифт. Дар 21-солагӣ ба Бухоро рафта 10 сол дар мадрасаи Кӯкалтош таҳсил кардааст. Пас аз таҳсил ба зодгоҳаш баргашта, масҷиди кӯҳнаеро обод …
Муфассал »Нуруллоҳи Шуштарӣ
Нуруллоҳи Шуштарӣ Амир (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1611), насрнавис ва шоири форс-тоҷик. Нуруллоҳи Шуштарӣ яке аз бузургони Шуштар буда, дар замони Акбар ба Ҳиндустон рафта, дар Лоҳур ба мансаби қозигӣ расидааст. Нуруллоҳи Шуштарӣ бо унвони «Манолис-ул-мӯъминин» ва «Аҳқоқ-ул-ҳақ» ду асар навиштааст. Ӯ дар шеър Нурӣ тахаллус мекардааст ва ғазалро …
Муфассал »Нуруддини Ҳиравӣ
Нуруддини Ҳиравӣ (соли таваллуд номаълум— вафоташ 1640), ҳаттоти асри 17 дар нигоштани анвои хат устод будааст. Хусусан насхро ниҳоят олӣ менавиштааст. Дар навиштани хати настаълиқ низ услуби хоси худро дошт. Намунаи осори ҳаттотии ӯ дар музейҳои Ҳирот ва Кобул, инчунин дар коллексияи (захираи) китобхонаи шахсии муаллифи «Хушнависон ва ҳунармандон») Фикрии …
Муфассал »Нуруддини Насавии Муншӣ
Нуруддини Насавии Муншӣ Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Алӣ ибни Муҳаммади Зайдарй ё Харандазӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), насрнавис ва шоири асри 12 форс-тоҷик. Баъд аз касби камол соҳиби девони иншои Ҷамолуддини Хоразмшоҳ гардида, дар сафарҳои вай ҳамроҳӣ карда, саргузаштҳои ӯро дар китобҳояш шард додааст. Аз ӯ ду асар боқист, …
Муфассал »Нуруддини Ибни Абдураҳмон
Нуруддини Ибни Абдураҳмон Ибин Абдулқодири Гӯянда (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусиқишинос, навозанда ва бастакори асри 15 форс-тоҷик. Писари Абдулқодири Гӯянда (Мароғӣ). Дар Исфаҳон таваллуд ёфта, дар Истамбул вафот кардааст. Мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Дар санъати сарояндагй, навозандагй ва назарияи мусиқи истеъдоди фавқулодда дошта, асарҳои зиёде эҷод кардааст. Падараш асари …
Муфассал »Нурова Илич
Нурова Илич (таваллудаш 17. 08. 1925, деҳаи Курговати pайони Қалъаихум), нонпаз, пешқадами истеҳсолот, яке аз ташаббускорони мусобиқаи сотсиалистӣ ва ҳаракати меҳнати коммунистӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971). Аъзоя КПСС аз соли 1960. Солҳои 1946—1958 фаррош, нонпази заводи нонпазии рақами 1-и Душанбе, 1958—1978 нонпаз ва аз соли 1978 сардори бригадаи сехи нонпазии …
Муфассал »