Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 126)

Теги: Шахсони машҳур

Паасикиви Юхо

paasikivi_yuxo

Паасикиви (Paasikivi) Юхо Кус­ти (27. 11. 1870, Тампере —14. 12. 1956, Хелсинки), ҳодими давлатип Финляндия. Ҳуқуқшинос. Солҳои 1903—13 ва 1917— 18 дар органҳои роҳбарикунандаи партияи старофинӣ, 1907—13 депу­тати сейми Фин­ляндия. Солҳои 1903 —14 директори хазинаи давлатӣ, 1914—34 директо­ри генералии Бан­ки миллии аксионерӣ. Май — ноябр 1918 сарвазир. Дар гуфтушуниди Республикаи …

Муфассал »

Оҳӣ Мавлоно

Оҳӣ Мавлоно Султоналибеки Туршезй (соли таваллуд номаълум — вафот 1521), шоири форс-тоҷик. Зодгоҳаш Туршез. Марди ошиқпеша ва сӯфи- машрабе буда, дар ибтидо бо тахаллуси «Наргисӣ» шеър мегуфтааст. Девоне иборат аз ғазалу рубоӣ мураттаб сохтааст. Дар ашъори лирикии Оҳӣ хусну ҷамоли маъшуқа, маю соқиву мутриб, ишқу вафодорӣ, яъси фироқу умеди висол …

Муфассал »

Оҳуи Мусиқор

Оҳуи Мусиқор (соли тавалд ва вафот номаълум), навозанда, ҳофиз ва бастакори охири асри 16 — аввали асри 17 тоҷик. Дар Бухоро таваллуд ёфта, илмҳои мусиқӣ, бадеъ, муаммо, фалсафа ва табииётро омӯхт. Оҳуи Мусиқор муддате дар ҳузури мусиқидони номии Бухоро Муҳаррами Ҷанги таркиботи илмию амалии мусиқиро аз бар кардааст. Оҳуи Мусиқор …

Муфассал »

Оҳии Ҳиравӣ

Оҳии Ҳиравӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), ҳофиз, бастако­ри асри 15 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Ҳирот буда, дар Бухоро фавтидааст. Дар ибтидо маишаташро аз касби нонвой таъмин мекард. Санъати мусиқиро аз ҳунармандони зодгоҳаш, махсусан аз Устод Шодӣ, писари ӯ Ғулом Шодӣ омӯхт. Оҳии Ҳиравӣ бештар бар ашъори Абдурраҳмои Ҷомӣ суруд мегуфтааст. Ӯ …

Муфассал »

Оҳии Машҳадӣ

Оҳии Машҳадӣ Мавлоно Алӣ (соли таваллуд ва вафот номаъ- лум), шоири ибтидои асри 15 форс-тоҷик. Тафсилоти рӯзгораш норавшан аст. Оҳии Машҳадӣ чанде аз маснавиҳои «Хамса»-и Низомии Ганҷавиро ҷавоб гуф- та будааст. Аз чумла дар пайравии «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ бо унвони «Хаёл ва Висол» маснавие навишта будааст, ки байти матлаашро …

Муфассал »

Оқчурин Олимҷон

Оқчурин Олимҷон Ҳакиммуллоевич (1895 —деҳаи Уст-Рахманка, губернияи Пенза — 1933, партиявӣ ва давлатӣ. Аз оилаи рӯҳонӣ. Аъзои Пар­тияи коммунистӣ аз соли 1917. Солҳои 1902—12 аввал дар мактаби деҳая худ, баъд дар Мад­расаи Қазон таҳсил кард. Барои ақидаҳои даҳриаш аз Мадраса хориҷ карда шуд. Солҳои 1914—20 коргари заводиди пахтаи Қизилтеппаи Бухоро …

Муфассал »

Оқоҷон

Оқоҷон (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттоти асри 16 форс-тоҷик. Аз намунаи китобати Оқоҷон қитъае дар мураққаи Саид Аҳмади Машҳадӣ, ки дар Китобхонаи хазинаи авқофи Истамбул нигоҳ дошта меша­вад (санаи китобат 1561), мавҷуд аст.

Муфассал »

Окоҳашари Кашмирӣ

Окоҳашари  Кашмирӣ Оқомуҳаммадшоҳ (1879, Банорас —1935, Лоҳур), драматург ва шоири ҳинду. Ба забонҳои урду ва ҳиндӣ менавишт. Дар Баворас таҳсил кардааст. Солҳои 90 зери таъсири драматург ва шоир Маҳдӣ Ҳасани Эҳсони Лакҳнавӣ ба эҷоди драмаҳо ба забони урду шурӯъ намуд; нахустин драмааш — «Офтоби муҳаббат» (1897). Дар эҷодиёти Окоҳашари  Кашмирӣ …

Муфассал »

Оқоҳасани Наққош

Оқоҳасани Наққош (соли таваллуд ва вафот номаълум), наққош ва хаттоти асри 16 тоҷик. Зодгоҳаш Ҳирот. Оқоҳасани Наққош шогирди Музаффаралии Мусаввир ва пайрави услуби эҷодии Беҳзод буд. Хати настаълиқро хеле хуб менавишт. Дар тазйини мадрасаҳои Ҳирот низ иштирок кардааст. Як нусхаи девони Саъдӣ ва «Хамса»-и Низомиро оро додааст.

Муфассал »

Оқоризои Кошонӣ

Оқоризои Кошонӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), наққош  ва мусаввири асри 16. Дар поёни умр ба Ҳиндустон рафта, чанде он ҷо зиндагӣ ва камоли касб кардааст. Бештар бо тасвирн набототу мурғон машғул будааст. Тасвироташ табиӣ ва мутаносиб. Тарзи тарҳофарӣ, тасвири ҷузъиёти предмет, таносуби торикиву равшанӣ дар нигоришоти ӯ нисбат ба …

Муфассал »