ШАҲРАФРӮЗ 1) оҳанги қадимии маросимӣ, аз таснифоти Борбад, ки ба ҷашни Наврӯз эҷод намудааст. 2) Суруди машҳури мардуми Бухоро дар а-ҳои 11—12, онро суруди «Шаҳрафрӯзи», «Шаҳрафрӯзон» низ меномидаанд. 3) Шуъбаи мусиқӣ дар «Ҳаштмақом ». 4) Гушаи созӣ дар шуъбаҳои «Наврӯзи Бузург», «Наврӯзи Сабо» («Дувоздаҳмақом»). А. Раҷабов.
Муфассал »БОРАВЗАНА
«БОРАВЗАНА» оҳанги қадимии форс-тоҷик. Номи ин савт дар «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» ва дар девони ашъори Манучеҳрии Домғонӣ зикр ёфтааст. Мувофиқи маълумоти онҳо «Боравзана» аз оҳангҳои бағоят гуворои давраи Сосониён будааст.
Муфассал »