БОЛОДАРӢ, ҷузви деворҳои чиниши дастӣ, ки дар болои ҷойҳои дару тиреза гузошта мешавад. Болодарӣ чубӣ ва оҳанубетонӣ мешавад. Болодарии чубӣ дар болои ду паҳлударӣ васл мегардад. Баъзан дар меҳмонхонаҳо ё дигар иморатҳои ҷамъиятӣ Болодарӣ бо паҳлударӣ якҷоя кандакорӣ карда мешавад, ки хеле зебост (масалан, дарҳои Мадрасаи Улуғбек дар шаҳри Самарқанд). …
Муфассал »