Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАФТОЗОНӢ Саъдуддин Масъуд

ТАФТОЗОНӢ Саъдуддин Масъуд

ТАФТОЗОНӢ Саъдуддин Масъуд ибни Умар ибни Абдуллоҳи Хуросонӣ (1320, деҳаи Тафтозони Нисо—112. 9. 1392, Самарқанд, мадфун дар Сарахс), файласуф, олим ва мантиқшиноси форсу тоҷик. Шарҳи ҳол ва ҷараёни зиндагиаш пурра маълум нест. Тафтозонӣ то 16 солагӣ аксари илмҳои замонашро омӯхтааст. Қутбуддини Розӣ ва Аздуддини Иҷиро устодони Тафтозони модонанд. Тафтозони дар мадрасаҳои Сарахс, Ғиғдувон, Ҳирот ва ҒАЙРА дарс гуфта, зимнан ба корҳои илмӣ машғул шудааст. Баъди хамчун мударрис ва олим шӯҳрат ёфтанаш агар Темур ӯро ба Самарқанд даъват намуд. Самараи фаъолияти илмии Тафтозони дар муҳити илмию мадании Самарканд афзуд. Тафтозони дар Самарқаяд қариб 18 сол зиста, аксари асархояшро хамон ҷо таълиф кардааст. Асарҳои Тафтозони ба ҳалли масъалаҳои фалсафа, мантиқ, сарфу наҳв ва илми баён оиданд. Ба кавле миқдори асарҳои Тафтозони 13-то («Қомус-улаълом») ё 16-то («Доират-ул-маориф-ул-нсломия») будааст, ки машҳуртаринашон «Таҳзиб-ул-мантиқ ал-калом», «Ас-саъдия», «Ал-иршод- ул-ҳодӣ», «Ал-мухтасар-ул-маонӣ», «Ал-мутаввал» мебошад. Ба якчанд асарҳои пешгузаштагонаш шарҳ низ навиштааст.
Тафтозони файласуфи мутакаллим буд аз ин рӯ, тамоюли асосии асари ӯ «Таҳзиб-ил-мантиқ ва-л-калом» ба танқиди фалсафаи машшоия ва ҳимояи калом нигароннда шудааст. Тафтозони масъалаи асосии Фалсафаро аз мавқеи идеализми объективӣ ҳал менамояд, Ба қавли ӯ вуҷуди мутлақ (воҷибулвуҷуд) новобаста ва мустақилона вуҷуд дорад ва тавассути робитаи сабабӣ чиаҳои дигар (мумкинулвуҷуд)-фо ба миён меорад.
Дар таълимоти фалсафии Тафтозони масъалаҳои ҳудусу қидам, замону макон, сабабу натиҷа, тифияту каммият, ҳаракату сукун, қадр ва озодии ирода, хайру шарр, назарияи маърифат, ҳадду расм, қиёсу қазия, ҳукму натиҷа, тасаввуру тасдиқ ва амсоли он машриди таҳқиқ қарор гирифтаапд.
Тафтозони дар таърихи фалсафаи фарсу тоҷик, пеш аз ҳама, чун мантиқ- шинос шӯҳрат дорад. Бино ба маълумоти А. М. Баҳоваддинов Тафтозони бо асарҳои мантиқиаш мактаби фалсафии худро бунёд кардааст.
Асарҳои Тафтозони дар ташаккули ҷаҳонбинии мутафакашрон ва ҷараёни мибаъдаи такомули афкори фалсафии форсу тоҷик нақша муайян доштааст. Асарҳои Тафтозони дар китобхонаҳои Душанбе, Тошканд, Эрон, Бейрут, Ҳиндустон, Қоҳира, Кембриҷ маҳфузанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …