ТУМАНОТИ БЕРУНИГАЛАКТИКИ, объектҳоеанд, ки дар осмон аз Роҳи каҳкашон дур ҷойгир шудаанд. Туманоти берунигалактикӣ ҳамчуи Роҳи Каҳкашон ё ки Галактика системаи азим ва мустақили ситораҳо буда, андозаашон хеле калонанд (масалан, Туманоти Андромеда).
Бинобар ин Туманоти берунигалактикиро галактикаҳо низ меноманд. Масофаҳои байниякдигарии туманоти берунигалактикӣ нисбат ба андозаҳои онҳо хеле калон мебошанд. Маҷмӯи ҳамин галактикаҳоро якҷоя бо фазои дарбаргирандаи онҳо метагалактика мегӯянд. П. Бобоҷонов.