СВИТАИ ГЕОЛОГӢ, маҷмӯи қабатҳои яктаркиба ё ки гуногунтаркибаи ҷинсҳои кӯҳиро гӯянд, ки дар асоси нишонаҳои умумӣ, асосан литологӣ (таркиб, хусусияти физикию химиявӣ, пайдоиш ва таърихи инкишоф) фароҳам омадаанд. Свитаи геологӣ воҳиди асосии қисмати стратиграфии маҳаллӣ буда, дар ҳар маҳал номи географии худро дорад. Масалан, таҳнишастҳои давраи табошири ҷануби ғарби Тоҷикистон ба свитаҳои Дастгирак, Гармак, Ровика ва ғайра ҷудо карда шудаанд. Свитаи геологӣ чи аз ҷинсҳои таҳшинӣ, чи вулқоногенӣ ва чи аз ҷинсҳои метаморфӣ таркиб меёбад.
М. Ҷалилов.