Маълумоти охирин

СУСХОТУН

СУСХОТУН, сухотун, ашаглон (туркӣ-соҳиби об, зани боронталаб), яке аз маросимҳои қадимист, ки дар байни халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон паҳн гашта буд. Дар солҳои хушксолӣ деҳқонон ва чорводорон як қатор маросимҳоро ба ҷо меоварданд ва гумон доштанд, ки ба туфайли ин маросимҳо гӯё борон меборида бошад. Занҳо хӯсаи пиразаншкле (матарс, арусак) сохта, сурудхонон ҳавлӣ ба ҳавлӣ мегаштанд. Соҳибхоназанҳо ба хӯса ва иштирокчиёни Сусхотун об пошида, сипас гандум, ҷав, орд, биринҷ ва ғайра медоданд. Иштирокчиени Сусхотун аз чизҳои ғуншуда хӯрок — «ҳалиса» пухта, аҳли деҳаро ба зиёфат — «тӯи сусхотун» даъват менамуданд. Сусхотун дар ҳар ноҳия ҳар хел гузаронида шуда, хусусиятҳои хоси ин ё он маҳалро инъикос мекард.

Сарчашмаи Сусхотун урфу одатҳои тоисломӣ мебошанд. Пиразан — «ашаглон», «хӯса» ва ғайра шояд худо — олиҳаи об, пеш аз ҳама олиҳаи авестоӣ, олиҳаи ҳосилот ва наботот, олиҳаи дарёҳои Вахшу Аму (Ардвисура, Анаҳито)-ро инъикос кунад.

М. Р. Рахимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …