Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУРАТГАР Лутфалӣ

СУРАТГАР Лутфалӣ

СУРАТГАР Лутфалӣ (1900, Шероз—1969, Теҳрон), шоир ва адабиётшиносони эронӣ. Таҳсили ибтидоиро дар Шероз ва миёнаро дар Ҳиндустон гирифтааст. Солҳои 20 Суратгар маҷаллаи «Сапедадам»-ро таъсис кард, ки он якчанд сол интишор ёфт. Соли 1927 ба Англия рафта, забон ва адабиёти англисиро омӯхт. Ба Эрон баргашта дар донишкадаи адабиёти Теҳрон муаллими забон ва адабиётн англисӣ таъин шуд. Соли 1937 бори дуюм ба Англия рафта, дар донишгоҳи Лондон ба тадқиқоти илмӣ шуғл варзид ва ба унвони докторӣ ноил гардид (1939). Аз соли 1939 то охири умраш дар донишгоҳҳои Теҳрону Шероз муаллими забон ва адабиёти форсӣ ва англисӣ буд. Суратгар доир ба адабиёти классикии форс-тоҷик ва адабиёти англисӣ як қатор тадқиқот анҷом додааст («Сухансанҷи», 1958; «Манзумаҳои ғаноии Эрон», 1970; «Таҷаллии ирфон дар адабиёти форсӣ», 1967; «Таърихи адабиёти англисӣ», 1959, 2 ҷилд). Суратгар қитъа, қасида, мусаммат ва рубоӣ низ навиштааст. Ашъораш дар китоби «Баргҳои пароканда» (1957) ва «Маҷмӯаи ашъор» нашр шудаанд. Баъзе шеърҳои ӯ ба забони русӣ тарҷума шудаанд. Суратгар ба Точкистон омада, дар Симпозиуми шеъри форсӣ (1967) иштирок кардааст. Ф. Наҷмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …