Маълумоти охирин

СУННӢ

СУННӢ (арабӣ          аз  — роҳ, равиш, одат), суннигарӣ, яке аз ранияҳои асосии исломро гӯянд, ки баъди Муҳаммад пайравони ӯ — Абӯбакру Умар ва Усмону Алиро ворисони ҳақиқии хилофат медонанд.

kullugun_miracidir_namaz

Асоси Сунниро дини расмми хилофат ташкил медод, ки дар аҳди чор халифаи аввал ташаккул ёфта буд, Бино ба таълимоти Суннӣ, сардори хилофат бо ризоияти қабила дар «иҷмоъ» (маҷлиси аъзоёни қабила) бояд озодона интихоб шавад. Суннӣ, бар хилофи таълимоти шиа, чор халифаи аввали хилофат — Абӯбакру Умар ва Усмону Алиро расмӣ ва қонунӣ шуморида «хулафои рошидин» меномад. Аҳли шиа бошад, «иҷмоъ»-ро комилан рад намуда, се халифаи аввали исломро, ки аз авлоди Муҳаммад набуданд ва дар «иҷмоъ» хилофатро ба даст оварда буданд, ғайриқонунӣ мешуморанд. Ба ақидаи аҳли шиа, баъд аз сари Муҳаммад бояд авлоди ӯ — Алӣ ва писаронаш Ҳасану Ҳусейн ворисони ҳақиқии хилофат бошанд. Онҳо Алиро имоми аввал медонанд ва баъди ӯ имомҳои дигарро, ки аз авлоди Алӣ мебошанд, эътироф мекуланд. Шиаҳо Қуръон ва русуми анъанавии мусулмониро эътироф мекарданд, вале ба таъбиру таъвили баъзе оятҳои Қуръон, ки суниҳо онро раво намедонистанд, роҳ медоданд. Онҳо ҳамчунин масъалаи имоматро пешниҳод намудаанд, ки мувофиқи он имом вориси илмҳои пайғамбар ва шахси баландмартабаю покаст.

Суннӣ суннатро баъди Қуръоя манбаи дуюм мешуморад, шиа бошад, фақат ривоятҳои доир ба Муҳаммад, гуфтаҳои ӯро оид ба Алӣ ва суханони имомро эътироф мекунад. Дар байни анъана ва маросимҳои динии шиа ва Суннӣ (азон, рӯза, намоз, идҳои динӣ ва ғайра) тафовут ҳаст. Шаҳрҳои муқаддаси Суннӣ Макка ва Мадина мебошад. Ҳоло дар олами ислом чор мазҳаби Суннӣ— ҳанафия, ҳанбалия, моликия ва шофеия маъмул аст. Фарқи мазҳабҳои мазкур ҷузъӣ буда, он бештар ҷанбаи ҳуқуқӣ дорад.

Аҳолии бисёр мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ ба ҷуз Эрон (ба истиснои баъзе музофотҳои Курдистон, Систон, Балуҷистон), Яман, Ироқи Ҷанубӣ сунимазҳабанд. Дар СССР ба ҷуз Бадахшон, Озарбойҷон, ва баъзе ноҳияҳои Кавказ ҳамаи мусулмонон суннианд.

М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …