Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОНАЛИИ ТАБИБИ ХУРОСОНӢ

СУЛТОНАЛИИ ТАБИБИ ХУРОСОНӢ

СУЛТОНАЛИИ ТАБИБИ ХУРОСОНӢ  (соли таваллуд ва вафотномаълум), олим ва табиби тоҷик (асри 16). Дар Хуросону Самарқанд таҳсил кардааст. Аз асарҳои Султоналии ТабибиXуросонӣ «Дастур-ул-илоҷ» (соли 1526—27) маълум мешавад, ки ӯ ба омухтани масъалаҳои беҳдошти хӯрок, нушокиҳо, мавриди хоб, сару либос, машғулият ва варзиш, кори ҷисмонӣ, иқлим ва ғайра эътибор додааст. Султоналии ТабибиXуросонӣ тақрибан 300 сол пеш аз пайдоиши мафҳуми микроб хосияти сироятии ваборо ба эътибор гирифта, барои дезинфекция истифода бурдани сиркоро тавсия намудааст. Султоналии ТабибиXуросонӣ дар асархояш оид ба безарар намудани оби нӯшокӣ (бо омехтаи пиёзу сирко), сабабҳои пайдоишина усулҳои пешгириву муолиҷаи бемориҳои гуногун, ба дигаршавии мизоҷу хилтҳо ва ғайра вобаста будани бемориҳо маълумоти муфид овардааст. Вай барои осон шудани муолиҷа ва риоя намудани меъёри доруҳо синну соли одамро ба 4 давра (кудакӣ — то синни 15, ҷавонӣ — то 30—40, миёнасолӣ то 60 ва пирӣ — баъди 60) тақсим намудааст.

Т. Ахмадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …