Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛАЙМОН СТАЛЬСКИЙ

СУЛАЙМОН СТАЛЬСКИЙ

sulaymon-s

СУЛАЙМОН СТАЛЬСКИЙ (18. 5. 1869, авули Ашега-Стал, ҳозира ноҳияи Косумконти Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Доғистон—23. 11. 1937, ҳамон ҷо; дар Махачқалъа дафн шудааст), шоир — ҳофизи халқии советии лазгӣ, Шоири Халқии Доғистон (1934). Дар хурдсолӣ ятим монда, зиёда аз 20 сол ба мардикорӣ ва меҳнати кироя, аз аввали асри 20 ба деҳқонӣ машғул шудааст. Иштирокчии Револютсияи КабириСотсиалистии Октябр ва Ҷанги гражданӣ (1918—20). Дар эпиграммаҳо, сурудҳои ҳаҷвӣ ва «Савдогарон — амалдорон» (1915) яом асараш истисморгаронро сахт мазаммат намудааст. Баъди Революцияи Октябр доираи мавзӯъ ва образҳои эҷодиёти Сулаймон Сталський васеъ гардиданд. Сулаймон Сталський дар достони «Доғистон» (1985— 36) ба рӯҳи назми халқӣ содиқ мондааст. М. Горкий дар Сьеэди 1-уми нависандагони СССР ӯро «Гомери асри бист» номид. Шеърҳояш ба забонҳои халқҳои СССР, аз ҷумла, тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …