Маълумоти охирин

СУКР

СУКР (арабӣ — мастии рӯҳӣ), марҳилаест аз мақомоти тасаввуф, ки дар он солик ақлу идрокро фаромӯш карда, дар мақоми фано маҳв мегардад. Муаллифи «Дастур-ул уламо» Сукрро кайфияти нафсонии солик донистааст, ки дар он ишқу муҳаббати ӯ ба ҳақ ба дараҷаи ниҳоӣ мерасад ва нафси худро пок намуда, ба мушоҳидаи ҷамоли маҳбуб мепардозад. Пайравони Боязиди Бистомӣ суфиёнро ба Сукр даъват менамуданд. Ҷунайди Бағдодӣ тарафдорони Сукрро барои соликони роҳи тариқат хатарнок шуморида, онҳоро ба саҳв тарғиб мекард. Сукр ва саҳв дар тасаввуф категорияҳои мутазодеанд, ки дар онҳо муҳаққиқони асрҳои миёна ҳудуди фаъолияти суфиёнро муайян намудаанд. М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …