Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «СУХАН»

«СУХАН»

«СУХАН» журнали ҳармоҳаи адабӣ ва ҷамъиятию илмии эронист, ки соли 1043 таъсис ёфтааст. Ношири аввалини он Забеҳулло Сафо буд. Аз шумораҳои 6—7 сар карда, сармуҳарририи «Сухан»-ро Парвиз Нотили Хонлари ба ӯҳда гирифт. Марти 1948 «Сухан» баста шуд. Моҳҳои октябр ва ноябри 1952 аз нав нашр гардид ва то вуқуи Инқилоби Эрон (1979) мунтазам ба табъ мерасид. Дар «Сухан» нависандагон ва адабиётшиносони намоёни Эрон (Зарринкӯб, Содиқ Ҳидоят, Бузурги Алавӣ, Сиёвуши Касроӣ ва дигар) ҳамкорӣ кардаанд. Дар он мақолоти адабиётшиносӣ, намунаҳои эҷодиёти даҳонакии халқ, мақолаҳо оид ба археология ва санъат, шеъру ҳикояҳо, тарҷумаи ҳоли суханварони бузург, тадқиқот оид ба забон ва услуб ва аз адабиёти ҷаҳон тарҷумаҳо ба табъ расидаанд. Дар «Сухан» баъзе асарҳои С. Айнӣ, М. Турсунзода, М. Қаноат,Л. Шералӣ ва дигар, инчунин зарбулмасалу мақол ва таронаҳои тоҷикӣ интишор ёфтаанд.  Ф. Наҷмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …