Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СУИСТЕЪМОЛИ МАНСАБ

СУИСТЕЪМОЛИ МАНСАБ

СУИСТЕЪМОЛИ МАНСАБ, дар ҳуқуқи совети истифодаи ғайриқонунии мансабу вазифаро гуянд, Вобаста ба дараҷаи хавфи ҷамъаятӣ Суистеъмолии мансабиро ба кирдори ҷиноятӣ ва интизомӣ ҷудо мекунад. Агар суистеъмоли вазифа ё мансаб ба хотири ғарази нафсонӣ ва ё манфиатҳои шахсӣ сурат гирад, ба манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ё ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии гражданҳо зарари ҷиддӣ расонад он ҷиноят ҳисоб мешавад (моддаи 183 Кодекси Ҷиноятии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон). Барои суистеъмоли вазифа ё мансаб, ки боиси оқибатҳои вазнинмегардад (аз қабили зарар расондан ба саломатии гражданҳо, зарари нисбатаи калони моддӣ ва ғайра) ҷазои сахт муқаррар шудааст. Суистеъмолии мансаб бо мақсади азхуд кардани молу мулки давлат ва ҷамъият дуздӣ ҳисоб мешавад. Ҳангоми дар кирдори соҳибмансаб зоҳир нашудани ғарази нафсонӣ ва ё манфиатҳои шахсӣ, ҳамчунин нарасидани зарари ҷидди ба манфиатҳои зикршуда, Суистеъмолии мансаб беинтизомӣ дониста шуда, гунаҳкор ба тариқи маъмурӣ ҷазо мебинад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …