СУБСТРАТ (аз лотинӣ substratum — асос), осори забони аслии мардуми маҳаллист, ки дар забони нави онҳо бо сабабҳои гуногуни таърихӣ роҳ ёфтаанд. Масалан, Субстрати келтӣ дар забони франсавӣ, Субстрати дакӣ дар забони руминӣ, Субстрати эронӣ дар баъзе шеваҳои забони ӯзбекӣ. Субстрат натиҷаи дузабонӣ ва таъсири мутақобили онҳост. Дар натиҷаи кӯҳнаву нав шудан ва таъсири мутақобили забонҳо як забон истиқлол пайдо карда, забони дигарро ба таъсири худ мегирад, аммо баъзе хусусиятҳои он забонро нигоҳ медорад. Унсурҳои Субстрат аз қонуниятҳои аслии инкишофи дохилии забони мустақил истисност. Аломатҳои онро бо роҳи тадқиқи эътимодноки муқоисавии таърихӣ муайян кардан мумкин аст. Таъсири Субстратро дар фонетика ва лексика мушоҳида кардан мумкин аст. Тадқиқи Субстрати дар муайян кардани хусусиятҳои таърихии инкишофи забонҳои ҷаҳон аҳамияти калони илмӣ дорад.
- Қурбонов.