Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАНСИЯИ ТАБИАТШИНОСОНИ ҶАВОН

СТАНСИЯИ ТАБИАТШИНОСОНИ ҶАВОН

СТАНСИЯИ ТАБИАТШИНОСОНИ ҶАВОН дар СССР, муассисаи бачагонан берун аз мактаб, маркази корҳои ташкилӣ, дастурӣ ва методии табиатшиносӣ барои мактабиён. Стансияи табиатшиносони ҷавон таҳти роҳбарии органҳои маорифи халқ ва ташкилотҳои комсомолӣ кор мебарад. Аввалин Стансияи табиатшиносони ҷавон— Стансияи дӯстдорони ҷавони табиат соли 1918 дар Москва таъсис ёфт.

Дар Тоҷикистон аввалин Стансияи табиатшиносони ҷавон  соли 1932 (ш. Душанбе) ташкил шуда буд. Соли 1985 шумораи онхо ба 8 расид. Ҳоло (1985) фақат Стансияи республикавии табиатшиносони ҷавон 930 нафар мактаббачагонро фаро мегирад, ки аз рӯи 14 соҳа: ғаллакори, боғдорӣ, муҳофизати табиат, гулпарварӣ, мурғпарварӣ, чорводорӣ ва ғайра машғулият мегузаронад. Станция бо 207 медалу дипломҳои НКХХ-и СССР мукофотонида шудааст (аз ҷумла 187 мактаббача).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …