Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАНСИЯИ МОШИНУ ТРАКТОР

СТАНСИЯИ МОШИНУ ТРАКТОР

texnika

СТАНСИЯИ МОШИНУ ТРАКТОР, МТС, дар СССР, муассисаи давлатии хоҷагии қишлоқ, ки барои ба колхозҳо ёрии техннкӣ ва ташкилӣ расондан таъсис шуда буд. МТС-ҳо олоти асосии истеҳоодоти хоҷагии қишлоқ (тракторҳо, комбайнҳо ва дигар мошинҳои хоҷагии қишлоқ)-ро муттаҳид намуда, хизмати колхозҳоро ба ҷо меоварданд. Аввалин МТС соли1926 дар заминаи колоннаи тракторҳои совхози ба номи Т. Г. Шевченкои ноҳияи Березовски вилояти Одесса ташкил ёфта буд. Сохтмони МТС-ҳо баъд аз қарори Совети меҳнат ва мудофиа «Оид ба ташкили станцияҳои мошину трактор» аз 5 июни 1929 вусъат ёфт. Дар Тоҷикистон ҳам аввалин МТС соли 1929 ташкил ёфтааст.
Баробари аз ҷиҳати ташкилию хоҷагӣ мустаҳкам шудани колхозҳо шакли хизматрасонии истеҳсолию техникии МТС-ҳо ба талаботи рузафзуни қувваҳои истеҳсолкунандаи хоҷагии қиҳлоқ ҷавоб дода натавонист. Пленуми февралии (1958) Комитети Марказии КПСС зарур донист, ки тартиботи пештараи хизматрасонии истеҳсолию техликии МТС-ҳоро ба колхозҳо тағйир дода, техникаи хоҷагии қишлоқ бевосита ба худи колхозҳо фурӯхта ва МТС ба стансияи таъмири техники табдил дода шавад. Тавсияҳои пленум бо қарори Сессияи 1-уми Совети Олии СССР (даъвати 5, марти 1958) қонуни шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …