СТАНСИЯИ МАДОРӢ, аппарати париши кайҳонист, ки дар мадорҳои назди Замин, Моҳ ё назди ятои сайёра муддати дароз амал мекунад. Стансияи мадорӣ ё аз тарафи кайҳоннавардон идора мешавад ва ё ба таври автоматӣ амал мекунад. Тадқиқи фазои атрофи Замин ва ё худи Замин, аз мадори радифи масвӯи Замин (РМЗ), гузарондани мушоҳидаҳои метерологӣ, астрономӣ, радиоастрономӣ ва ғайра, омӯхтани масъалаҳои навигация, гузаронидани таҷрибаҳои тиббиву биологӣ, тадқиқи хусусиятҳои масолеҳу таҷхизоти гуногун дар шароитҳои парвози кайҳонӣ ва ғайра аз ҷумлаи вазифаҳои Стансияи мадорӣ мебошад. Стансияи мадорӣ ғайр аз ин, барои дар мадор васл намудани киштиҳои кайҳоние, ки барои парвоз ба сайёраҳои дури Системаи Офтоб пешбинӣ шудаанд, ҳамчуи база хидмат карда метавонад. Имконпазирӣ ва мувофиқи мақсад сохтани Стансияи мадориро ибтидои асри 20 К. Э. Циолкаеский, Ю. В. Кондратюк (Росоия), Г. Оберт (Германия), Гвидо фон Пирке, Герман Нордунг (Австрия) ва дигар асоснок намуданд. Аввалин Стансияи мадории дурудароз амалкунанда «Салют» (СССР) мебошад, ки аз соли 1971 ин ҷониб сар дода мешавад (то ҳол 7-то ин гуна Стансияи мадорӣ сар дода шуд).
Tags Киштии кайҳонӣ Стансия
Инчунин кобед
САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ
САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …