СТАХАНОВ Алексей Григорьевич (21, 12. 1905, деҳаи Луговаяи губернияи Орлов —5. 11. 1977, Донбасс), навовари саноати истихроҷи ангишт, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1970). Аъзои КПСС аз соли 1936. Соли 1927 дар кони ангишти «Центральная» — Ирмино»-и Кадиевка (Донбасс) аввал дар корҳон гуногун ва аз соли 1933 ангишткан шуда кор мекард. Стаханов соли 1935 дар кони ангишт курси ангиштканиро хатм кард. Аз шаби 30 то 31 августи соли 1935 дар як смена (5 соату 45 дақиқа) 102 т ангишт канда, якбора 14 нормаро иҷро кард. Стаханов чунин ҳосилнокии баланди меҳнатро дар натиҷаи самарабахш ба кор бурдани техника ва ташкили дурусти меҳнат ба даст оварда буд. 19 сентябри соли 1935 Стаханов дар як смена 227 т ангишт канд. Корнамоии меҳнатии Стаханов дар Донбасс ва баъд дар тамоми мамлакат боиси пайдоиши ҳаракати стахановӣ гардид. Депутати Совети Олии СССР (даъвати 1). Бо 2 ордеяи Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Асор: Рассказ о моей жизни (ҳамрохи В. Хмара), Москва, 1938; Возродим родной Донбасс, Москва, 1944.