Маълумоти охирин
Главная / Илм / СПЕКТРОСКОПИЯИ ЯДРОӢ

СПЕКТРОСКОПИЯИ ЯДРОӢ

yadernaya-spektroskopy

СПЕКТРОСКОПИЯИ ЯДРОӢ, як фасли физикаи ядрост, ки спектри дискретии ҳолатҳои ядро (энергия, спин, ҷуфтият, спини изотопӣ ва дигар сифатҳои квантии ядрои ангехта)-ро меомӯзад. Вазифаҳои Спектроскопияи ядроӣ инҳоанд: 1) тадқиқи спектри афканишоти ядроӣ, умр ва хусусиятҳои савияҳои энергетикӣ ва интенсивияти гузаришҳои байни ин савияҳо; 2) сохтани схемаи савияҳои энергетикии ядро ва схемаи коҳиши ядро; 3) тадқиқи назариявии қонуниятҳои ҷойгиршавӣ ва хусусиятҳои савияҳо ва гузаришҳо.

Воснтаҳои технмкии Спектроскопияи ядроии ҳозираазмон ниҳоят гуногунанд ва спектрометрҳои магнитӣ, кристалл-дифракционӣ, сцинтилляционӣ, нимноқилӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Ҳар кадом аз ин спектрометрҳо аз ҳисобгираки зарраҳои заряднок ё уквантҳо, пурқувваткунандаи электронӣ ва анализатори импулсҳо иборат мебошад. Дастгоҳҳо ва асбобҳои электронӣ — анализаторҳои амплитудӣ, вақтӣ ва бисёрчена, ҳисобмошинҳои гуногун, системаҳои автоматии ҳисобу китоби натиҷаҳои таҷриба ва ғайра имконияти Спектроскопияи ядроиро бағоят васеъ карданд.

Аз ин рӯ усулҳои Спектроскопияи ядроӣ на танҳо дар тадқиқоти ядроӣ, балки дар соҳаҳои гуногуни илм, техника ва истеҳсолот қобили истифодаанд. Нигаред низ Ядрои атом, Реакцияҳои ядроӣ, Суръатфизои зарраҳои заряднок.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …