Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТУДИЯИ МАРКАЗИИ ФИЛМҲОИ БАЧАГОНА ВА ҶАВОНОН

СТУДИЯИ МАРКАЗИИ ФИЛМҲОИ БАЧАГОНА ВА ҶАВОНОН

СТУДИЯИ МАРКАЗИИ ФИЛМҲОИ БАЧАГОНА ВА ҶАВОНОН ба номи М. Горький, киностудияи советӣ (Москва). Аз соли 1924 номи кинофабрикаи «Межрабпом — Русь», аз соли 1928 ҷамъияти акционерии «Межрабномфилм»-ро дошт. Соли 1936 бо ташаббуси Комитети Марказии ВЛКОМ дар заминаи он киностудияи филмҳои ба деии бачагона — «Союздетфилм» таъсис ёфт. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) киностудияи «Союздетфилм» ба Тоҷикистон кӯчида омад, ки дар ҳайати он режиссёрон С. Юткевич, Л. Кулешов, А. Разумный, В. Пронин, актёрон Ю. Толубеев, А. Абрикосов, Е. Кузьмина ва дигарон буданд. «Союздетфилм» дар Тоҷикистон 9 филми бадеӣ (аз ҷумла, филмҳои «Савганди Темур», «Саргузашти нави аскари ҷасур Швейк», «Шоҳзода ва гадо»), як қатор филмҳои ҳуҷҷатию киножурналҳо ва ғайраро бо ёрии ходимони кинои тоҷик таҳия намуд. Соли 1948 киностудия номи М. Горький ва аз соли 1963 номи ҳозираашро гирифт. Дар студия бештар аз 650 филм, аз ҷумла, филмҳои машҳури «Модар», «Роҳхат ба ҳаёт», «Се суруд дар васфи Левин», трилопия дар бораи Горький («Бачагӣ», «Дар байни мардум», «Университетҳои ман»), «Тоқа бодбоне тобон аст», «Ҷазираи ҷавоҳирот», «Теадур ва командаи ӯ», «Гвардияи ҷавон», «Дони ором», «Субҳи ин ҷо сокит» ва ғайра таҳия гардидааст. Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат (1967) ва Революцияи Октябрь (1974) қадр шудааст.

soyuzdetfilm

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …