Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТУДИЯИ МАРКАЗИИ ФИЛМХОИ БАЧАГОНА ВА ЧАВОНОН

СТУДИЯИ МАРКАЗИИ ФИЛМХОИ БАЧАГОНА ВА ЧАВОНОН

СТУДИЯИ МАРКАЗИИ ФИЛМХОИ БАЧАГОНА ВА ЧАВОНОН ба номи М. Горький, киностудияи совети (Москва). Аз соли 1924 номи кинофабрикаи «Межрабпом — Русь», аз соли 1928 чамъияти акционерии «Межрабномфилм»-ро дошт. Соли 1936 бо ташаббуси Комитети Марказии ВЛКОМ дар заминаи он киностудияи филмхои ба деии бачагона — «Союздетфилм» таъсис ёфт. Солхои Чанги Бузурги Ватани (1941—45) киностудияи «Союздетфилм» ба Точикистон кучида омад, ки дар хайати он режиссёрон С. Юткевич, Л. Кулешов, А. Разумный, В. Пронин, актёрон Ю. Толубеев, А. Абрикосов, Е. Кузьмина ва дигарон буданд. «Союздетфилм» дар Точикистон 9 филми бадеи (аз чумла, филмхои «Савганди Темур», «Саргузашти нави аскари часур Швейк», «Шохзода ва гадо»), як катор филмхои хуччатию киножурналхо ва гайраро бо ёрии ходимони кинои точик тахия намуд. Соли 1948 киностудия номи М. Горький ва аз соли 1963 номи хозираашро гирифт. Дар студия бештар аз 650 филм, аз чумла, филмхои машхури «Модар», «Роххат ба хаёт», «Се суруд дар васфи Левин», трилопия дар бораи Горький («Бачаги», «Дар байни мардум», «Университетхои ман»), «Тока бодбоне тобон аст», «Чазираи чавохирот», «Теадур ва командаи у», «Гвардияи чавон», «Дони ором», «Субхи ин чо сокит» ва гайра тахия гардидааст. Бо орденхои Байраки Сурхи Мехнат (1967) ва Революцияи Октябрь (1974) кадр шудааст.

soyuzdetfilm

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.