Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОРИТ

СОРИТ

СОРИТ (юнонӣ sorit — гурӯҳ, тӯда, силсила), як навъи қиёси мураккабро гӯянд, ки дар он аз силсилаи муқаддимаҳо зимни дар назар доштани хулосаҳои фосилавӣ хулосаи ниҳоӣ бароварда мешавад. Барои аз қиёси мураккаб ҳосил кардани Сорит тамоми хулосаҳои фосилавӣ ҳазф ва муқаддимаи моқабл бо муқаддимаи мобаъд дар силсилаи муқаддимаҳо пайваст шуда, хулосаи ниҳоие ҳосил мешавад, ки он робитаи ҳамаи муқаддимаҳоро дар бар мегирад.

Н. Сайфуллоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …