Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОКОЛОВ Сергей Леонидович

СОКОЛОВ Сергей Леонидович

sokolov-sergey

СОКОЛОВ Сергей Леонидович (таваллудаш 1. 7. 1911, Евнаторияи ҳозира вилояти Қрим), лашкаркаши советӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ (1978). Аъзои КПСС аз соли 1937. Дар сафи Армияи Советӣ аз соли 1932. Омӯзишгоҳи танкҳои зиреҳпӯши Горкий (1934), Академияи ҳарбии қушунҳои танкии зиреҳпуш ва механиконидашуда (1947) ва Академияи ҳарбии Штаби генералиро (1951) хатм кард. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) сардори штаби полки танкӣ дар Фронти Ғарбӣ (июн — сентябри 1941), ёрдамчии сардор ва сардори шӯъбаи Управленияи автомобилию танкии зиреҳпӯш, сардори штаби Управленияи фармондеҳии қӯшунҳои танкии зиреҳпӯш ва механиконидашудаи Фронти Карелия (1941—44), фармондеҳи қӯшунҳои танкии зиреҳпӯш ва механиконидашудаи Армияи 32-юми хамон фронт (март — сентябри 1944). Дар мудофиа ва озод намудани Заполяршги советӣ иштирок кардааст. Баъди ҷанг дар қӯшунҳо вазифаҳои гуногуни фармондеҳиро иҷро намуд. Аз январи 1960 сардори штаб — ҷонишини якуми фармондеҳи қӯшунҳои округи ҳарбии Москва, аз июли 1964 ҷонишини якуми фармондеҳ, аз октябри 1965 фармондеҳи қӯшунҳои Округи ҳарбии Ленинград, Аз апрели 1967 чонитггани якуми вазири мудофиаи СССР, солҳои 1984—87 вазири мудофиаи СССР. Аз соли 1966 номзад ба аъзоии КМ КПСС. Аз соли 1968 аъзои КМ КПСС, солҳои 1985 —87 номзад ба аъзогии Бюрои сиёсии КМ КПСС. Депутати Соаети Олии СССР (даъватҳои 7—11). Бо ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурх, 2 ордени Ситораи Сурх, ордени «Барои хизмати Ватаи дар Қувваҳои Мусаллаҳ» (дараҷаи 3) ва медалҳо, инчунин бо чанд ордену медалҳои хориҷӣ мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …