Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОБИРОВ Тоҳир Мухторович

СОБИРОВ Тоҳир Мухторович

sobirov-tohir

СОБИРОВ Тоҳир Мухторович (тавалудаш 21. 12, 1929, шаҳри Душанбе), актёр ва кинорежиссёри тоҷик. Артисти Халқии РСС Тоҷикистон (1966). Соли 1951 факултети актёрии Институти театрию рассомии шаҳри Тошкент, 1956 факултети режиссёрии ГИТИС-ро хатм кард. Дар санъати кино фаъолияти эҷодии худро ҳамчун актёр оғоз намуд. Образҳои Таги («Роҳ», «Мосфилм», 1955), Сахат («Баҳори такрорнашаванда», «Мосфилм», 1956), Ёдгор («Дохунда», 1957), Олим («Ман бо духгаре вохӯрдам», 1957), Шоҳзодаи мафтун («Насриддин дар Хуҷанд», 1960)- ро офаридааст. Дар ин давра ӯ дар бисёр филмҳо ҳамчун ёрдамчии режиссёр кор кардааст. Собиров филмҳои бадеии «Вақти зангирии писарам расид» (1960), «Фидокорон» (1962), «Шоҳсанам ва Ғариб» («Туркманфилм», 1963), «Марги судхӯр» (1965; соли 1968 сазовори диплому медали Кинофестивали байналхалқии мамлакатҳои Осиё ва Африка гардид), «Хиёнат» (1967), «Кашфи асрор» (1969), «Хатти парвоз» (1970), «Тӯфон дар водӣ» (1972)-ро таҳия кард. Баъдтар асарҳои С. Айнӣ диққати Собировро ба худ ҷалб карданд ва ӯ дар асоси романи «Ғуломон» ва «Ёддоштҳо» (1971—76) аввалин филми рангаи шашсериягии тоҷик — «Ҳеҷбудагон ҳар чиз гарданд»-ро офарид. Солҳои 1962—66 котиби Правленияи ИК Тоҷикистон. Ҳоло раиси сексияи ҳаваскорони кинои Правленияи ИК Тоҷикистон. Лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1980). Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва дигар медалҳо мукофотонида шудааст.

                                                                                                     Ҳ. Ҳамроев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …