Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОБИР Мирзо Алиакбар Тоирзода

СОБИР Мирзо Алиакбар Тоирзода

aliakbar

СОБИР (тахаллалусаш; номаш Мирзо Алиакбар Тоирзода; 31. 5. 1862, шаҳри Шомоҳӣ— 25. 7. 1911, ҳамон ҷо), шоири озарбойҷонӣ. Дар мадраса, баъд дар мактаби усули нав таҳсил кардааст. Дар ҷавонӣ ғазалҳои ошиқона менавишт. Пас аз Револютсияи 1905— 07 ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ даст зад. Дар журнали ҳаҷвии «Мулло Насриддин», бо ҳар хел тахаллусҳо ҳаҷвияҳо менавишт. Собир дар ҳаҷвияҳои иҷтимоияш, ки нахустин бор дар адабиёти Озарбойҷон масъалаи истисмори синфиро ба миён гузошта буд, халқи меҳнаткашро ба мубориза барои ҳуқуқҳои худ даъват мекард. Пароканда шудани Думаи давлатӣ дар Россия, фитнаи мутлақият бар зидди ҳаракати озодихоҳӣ дар мамлакатҳои Шарқи Наздик, зулми султони Туркия, ҳилаву найранги реаксияи байналхалқӣ аз мавзӯъҳои асосии ҳаҷвияҳои сиёсии ӯянд. Собир дар адабиёти озар равияи нави ҳаҷвии тамоюли реалистӣ доштаро бунёд кард. Шеърҳои ӯ аввалин намунаи  адабиёти пролетарии озар буданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …