Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СНЕСАРЕВ Андрей Евгеневич

СНЕСАРЕВ Андрей Евгеневич

snesarov

СНЕСАРЕВ Андрей Евгеневич (13. 12. 1865, Старая Калитва, ҳозира райони Россошини вилояти Воронеж — 4. 12. 1937, Москва), ходими ҳарбии рус ва советӣ, Қаҳрамони Меҳнат (1928), олими шарқшинос. Аз оилаи рӯҳонӣ. Факултети математикаи Университети Москва (1888) ва Консерваторияи Москваро хатм намуд; 14 забонро медонист. Академияи штаби генералиро хатм кард. Дар Туркистон хизмат карда, ба омӯзиш ва тасвири ҳарбӣ-географии Шарқи Миёна машғул буд. Ба Ҳиндустон, Афғонистон, Тибету Кошғар мусофират кард. Аз соли 1904 дар Штаби генералӣ, дар омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ аз географияи ҳарбӣ дарс медод. Аз соли 1910 сардори штаби дивизияи казакҳо. Дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18) командири полк, бригада ва дивизия буд. Сентябри 1917 унвони генерал-лейтенант гирифта, командири армияи 9-уми корпус интихоб шуд. Маи 1918 ихтиёрӣ ба хизмати Армияи Сурх рафта, дар вазифаҳои гуногуни роҳбарии Армияи Сурх хизмат кард.

Снесарев зиёда аз 200 асару мақолаҳои тадқиқотӣ, маърӯзаю ахбороти илмӣ дорад, ки қариб 40-тои онҳо доир ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Бухорои Шарқӣ ва Помир мебошад.

Асарҳо: Краткий очерк Памира, СПБ, 1002; Памирцы, Ташкент. 1903; Северо-Индийский театр, ч. 1—2, Ташкент, 1903; Восточная Бухара, СПБ, 1906; Индия как главный фактор в средиеазиатском вопросе, СПБ, 1906; Афганистан, Москва 1921; Индия, в. 1, Москва, 1926.

О. Боқиев,  Ю. Бозоров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …