СИРОҶУДДИНИ ҚУМРӢ (нимаи дуюми асри 12—байни 1237 —45), шоири форс-тоҷик. Ҷузъиëти тарҷумаи ҳолаш равшан нест. Сироҷуддини Қумрӣ шоири бебоку озодихоҳ буда, ба муҳити дарбор ва ҳокимону вазирон нафрат доштааст. Шоир дар ашъораш подшоҳони золим, вазирони беинсоф, садрҳои бедиёнат ва амалдорони мағрури замонро зери танқид гирифта. бенавоёну камбағалон-ро ҳимоя кардааст. Сироҷуддини Қумрӣ боре аз авзои ногувори замон ва аҳволи сахти одамон ба дод омада, ба ҳукумрони замон қитъаи шикоят фиристода, ободии замону пойдории салтанатро ба серию пурии халқ вобаста донистааст:
Сӯи раият наЗаре кун, аз он-к
Мояи шоҳӣ зи раият тавон.
Мулк, ки сармояи раият надошт,
Хаймаи бемех бувад бегумон.
Сироҷуддини Қумрӣ дар як шеъри дигараш гуфтааст, ки қасрҳои зебову рангини шоҳои аз хуни дили мазлумону оҳи пиразанон бунёд ёфтаанд:
Кулбаи пирзанон карда хароб аз паи он,
Ки магар қасри ту маъмуру муаммар гардад.
Дархури оташи сӯзанда бувад ҳамчу хамир,
Гили он хона, ки аз зулм мухаммар гардад.
С. Сиддиков.