Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СИНДХҲО

СИНДХҲО

СИНДХҲО, миллат, аҳолии асосии вилояти таърихии Синди Покистонро гӯянд. Синдхҳо дар Ҳиндустон низ зиндагӣ мекунанд. Шумораашон тақрибан 12 миллион 800 ҳазор нафар (1978). Ба забони синдхҳӣ гап мезананд. Аксарияти Синдхҳо ба мазҳаби суннии дини ислом ва дар Ҳиндустон ба ҳиндуия эътиқод доранд. Синдхҳо яке аз халқҳои қадимтарини водии дарëи Ҳинд мебошанд. Дар маданияти онҳо таъсири истилогарони соршумори юнонию мақдунӣ, сакоиҳо, ҳайтолиён, арабҳо, эрониён, туркҳо, афғонҳо ва халқҳои дигаре, ки дар давоми асрҳо ба сарзамини Синд зада медаромаданд, дида мешаванд. Аксарияти Синдхҳо бо деҳқонӣ, чорводорӣ ва моҳигирӣ машғуланд. Синдхҳо дар муборизаи миллии озодихоҳии зидди мустамликадорони англис фаъолона иштирок доштанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …