Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти СИНД

Вилояти СИНД

СИНД, вилоятест дар ҷануби шарқи Покистон. Дар ҳудуди Синд яке аз марказҳои тамаддуни Ҳиндустони Қадим (асрҳои 3—2 то милод) воқеъ буд (нигаред Моҳанҷодаро). Дар охири асри 6 то милод Синд ба ҳайати давлати Ҳахоманишиён дохил буд. Синдҳои 327—325 то милод Искандари Мақдунӣ онро забт намуд. Минбаъд ба ҳайати империяи Маврия, ба подшоҳии Юнону Ҳинд (асрҳои 2—1 то милод), ба давлати Кушониён (асрҳои 1—3 милодӣ), ба иттиҳоди Ҳайтолиён (асрҳои 5—6) дохил буд. Аввали асри 8 Синдро арабҳо забт намуданд ва дар ин сарзамин дини ислом интишор ёфт. Синд ҳамчун давлат тақрибан соли 750 истиқлолият ба даст овард, минбаъд (дар нимаи якуми асри 11) тобеи Ғазназиён буд. Соли 1591 аз тарафи Акбар забт карда шуд. Дар ибтидои асри 18 Синд аз нав истиқлолият ба даст овард, нимаи дуюми асри 18 бошад, дар тасарруфи шоҳони афғон (сулолаи Дуррониён) монд. Синдро соли 184 мустамликадорони англис истило намуданд. Августи 1947 ба ҳайати Покистон дохил шуд ва солҳои 1947—1955 ба як қисми музофоти ягонаи Покистони Ғарбӣ табдил ёфт. Аз соли 1970 аз нав музофоти мустақил гардид.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …