Маълумоти охирин

СИМУРҒ

СИМУРҒ мурғи афсонавиест дар асотир, афсонаву ривоятҳо, қиссаҳо ва достонҳои ҳамосии халқҳои эронинажод ва чанде аз мардумони дигари Шарқ. Аз қиДаму интишори устураи Симурғ дар байни мардуми эронинажод дар осори хаттии қадимӣ, аз ҷумла, Авесто ва осори адабиву динии паҳлавӣ ёд шудани он гувоҳӣ медиҳанд. Номи Симурғ дар Авесто («Баҳромяшт», банди 41, «Рашн – яшт» банди 17) ба шакли meregho seana (мерего саеyа) омадааст.

Симурғи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мухаффафи «Сенмурғ»-и паҳлавӣ мебошад. Дар «Шоҳнома» Симурғ махлуқи хориқулода ва аҷибест. Ӯ зол падари Рустамро ҳамроҳи чӯҷаҳои худ парвариш кард ва ба падараш — Сом супурд. Аз худ ба Зол якчанд паре гузошт, ки дар вақти зарурат онҳоро ба оташ андозад ва ӯро ба бар бихонад. Зол бори аввал Симурғро ҳангоми ҳомила будани занаш Рудоба даъват намуд ва бо тадбири ӯ бо роҳи чоки қайсарӣ Рустам аз батни Рудоба гирифта шуд. Бори дуюм Симурғ бо даъвати Зол ба ëрии Рустам, ки дар ҷанги Исфандиëр хаставу захмин шуда буд, омад. Ӯ бо гиëҳе захмҳои Рустам ва аспи ӯ — Рахшро табобат кард. Рустамро ба лаби дарë бурда, чӯби гаАро ба ӯ дод. Рустам аз ин чӯб тир сохта, рӯзи муҳориба бар Исфандиёр андохт ва ӯро ҳалок кард. Дар «Шоҳнома» ба ғайр аз Симурғ парастори Зол Симурғи дигар — зишту саҳмгин ва чун кӯҳи болдор вуҷуд дорад, ки ба дасти Исфандиëр кушта мешавад.

Дар таърихҳои исломӣ Симурғ ба мурғи Анқо табдил ëфтааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …