Маълумоти охирин

СИМОЛӢ

СИМОЛӢ, самолӣ, кабоба, кабобаи чинӣ, филфили кӯҳӣ, панҷангушт, панҷ (Vitex agnus – castus), буттаест аз оилаи Verbenaceae. Симолии худрӯй то 2,5 м (Помиру Олой) қад мекашад. Диаметри танааш то 25 сантиметр, пӯстлохаш хокистарранги каме гулобист. Баргаш тунук, 3—5, баъзан 7-парра (дарозиаш 8—12 сантиметр, бараш 12—14 сантиметр), пашмакдор, хӯшагулаш сергули сачакмонанд ë чатргун (дарозиаш то 5—25 сантиметр, бараш 6—8 сантиметр), гулаш бунафш, мевааш мудаввари ҷигарии сиёҳтоби ҷилодор буда, ба мурчи сиёҳ монанд аст. Дар водии дарë Вахш моҳи июн ва дар водии Ҳисор моҳи июл мешукуфад. Айёми гулаш 20 25 рӯз. Мевааш моҳи ноябр мепазад. Дар шароити табиӣ Симолӣ аз тухм ва бо роҳи нашвӣ (ғайритухмӣ) зиёд мешавад. Аввал хеле суст нашъунамо мекунад. Лекин аз 5—10-солагиаш сар карда босуръат қад мекашад. Ба ҳисоби миёна 45 сол месабзад. Аз қадимулайём Симолиро парварида, меваашро чун мурч истифода мебаранд. Солҳои охир Симоли дар сабзкории шаҳри Душанбе аҳамияти калон пайдо кардааст.

                                                                               Л. Ашӯров.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …